
КӮЛОБ. Дар доираи корҳои ободонӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроия шанбегӣ доир гардид. Дар ҷараёни ҳашари мазкур гирду атрофи Кумитаи иҷроия аз ҷониби кормандон тозаю озода гардонида шуд.
Зимнан, ёдрас шудан ба маврид аст, ки тозаю зебову назаррабо гардонидани ҳудуди шаҳр аз ҷониби ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб марҳила ба марҳила идома хоҳад ёфт.