ВОСЕЪ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, аъзои фаъоли ҲХДТ, дар оромгоҳи деҳаи Шоҳбикаи ҷамоати деҳоти Тугарак Амалиёти умумивилоятии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзи Ёдоварӣ” баргузор гардид.
Дар баргузории амалиёти зикргардида зиёда аз 195 нафар сокинони меҳнатдӯст ва савобҷӯйи деҳаи номбурда ва волонтёрони ҳизбӣ ҷалб гардида, дохил ва атрофи оромгоҳро аз хасу хошокҳо тоза намуданд ва баҳри пос доштан ва шод намудани рӯҳи гузаштагон дуои хайр намуда, саҳми худро дар ин кори хайр гузоштанд.
Бояд қайд намоем, ки дар деҳаи номбурда аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” хуб пазируфта шудааст ва охири ҳар моҳ дар аксияи мазкур хурду бузурги ин деҳа фаъолона иштирок менамоянд.