ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади ба дарки ҷомеа расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Шамолдара”-и Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин баробар дар ташкилоти мазкур маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ низ баргузор шуд.