БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ХАЛҚУ ВАТАН БОЯД ДУЧАНД ХИЗМАТ КУНЕМ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо мақсади ба дарки ҷомеа расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии  “Шамолдара”-и Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара  хониши  сиёсӣ баргузор гардид. Дар ин баробар дар ташкилоти мазкур маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ низ баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок намуда,   оид ба чораандешиҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистон, дар ин баробар роҷеъ ба пешгирии кирдорҳои ношоям аз қабили худкушиву худсӯзӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву бегона, пешгирии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, таълиму тарбияви насли наврасу ҷавон  суханронӣ карда, афзуд, ки татбиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вазифаи ҳар яки мо буда, лозим аст  ҷавобан ба ғамхориҳои  Роҳбари давлат  бо амалҳои созанда ба халқу Ватанамон дучанд хизмат намоем.

Ҳамзамон дар ин раванд маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардида,    шахсони арзанда  ба вакилии конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg