
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Мактаб-интернат”-и Кадучии Ҷамоати деӽоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Масъулин зимни суҳбат дар бораи муайян кардани вазифаӽои шаӽрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия, ки боиси нигаронист суханронӣ карда, гуфтанд, ки мавҷудияти ин амали номатлуб ӽам ҷанбаи манфии маънавӣ, ӽам ӽуқуқию сиёсӣ ва ӽам амниятӣ дорад. Аз ин рӯ мубориза алайӽи ин зуҳурот нафақат вазифаи мақомоти давлатӣ, балкӣ ҷомеа ва ниӽодӽои ҷомеаи шаӽрвандӣ низ дониста мешавад.
Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.