
ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия»-и Вахш бо иштироки масъулини ҳизбӣ дар мавзӯи «Ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи нодурусти онҳо» вохӯрии таъсирбахш доир гардид.
Роҳбарияти кумитаи иҷроия дар суҳбат қайд кард, ки дар шароити муосир масъалаи шакли истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ технологияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст. Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон гардонидани робитаи байниҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву аввомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил гардидаст. Ба ин хотир пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки он бошем.