БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҲАМЕША ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОИЕМ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Файзбахш”-и Ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара  хониши сиёсӣ ва дар ин баробар маҷлиси ҳисоботӣ интихоботӣ низ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулон доир  ба терроризму ифротгароӣ, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, сухан гуфтанд. Таъкид гардид, ки ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои терористӣ  мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро пардапӯшона бо ҳар роҳу восита ва ҳатто бо усулҳои  ғайриинсонӣ ба амал оварда,  кишварҳои  ободу пешрафтаро ба харобазор табдил медиҳанд. Ҳар яки моро мебояд нисбати чунин зуҳуроти хатарнок  муносибати оштинопазир дошта бешем.

Ҳамзамон дар идомаи маҷлис қисмати ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти мазкур баргузор шуда, раиси ташкилот аз нав таъин ва вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ   карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg