БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИШВАХӮРӢ ГУНОҲИ БУЗУР АСТ!

ҶайҲун. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Баҳористон»-и ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ оид  ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баргузор гардид.

Дар баромади худ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ қайд карданд, ки  коррупсия   зуҳуроти барои ҷомеа ва давлат хатарнок дониста шуда, яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамалакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Коррупсия обрӯву нуфузи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста намуда, рушди сиёсию иқтисодии мамалакатро ғайриимкон мегардонад. Ғайр аз он зуҳуроти   коррупсионӣ боварии шаҳрвандонро нисбати давлат коҳиш дода, ба некӯаҳволии шаҳрвандон зарар меоварад. Динӣ ислом низ коррупсияро ҳамчун амали зишт, нораво маҳкум намуда,  як кирдори нопоке медонад, ки   шахс бо содир кардани он гуноҳи кабира мегирад.

Ҳамчунин дар ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор гардида,  дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ муфассал баромад кард. Инчунин, пешбарии як нафар вакил ба конфренсияи ноҳиявӣ масъалагузорӣ шуда, аз ҷониби аъзои ҳизб ва иштирокчиёни чорабинӣ бо як овоз номзади арзанда     пешбарӣ  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg