ВАХШ. Дар доираи нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар қабристони деҳаи Фидокори ҷамоати деҳоти Тоҷикобод ҳашари дастаҷамъона ташкил ва баргузор карда шуд.
БАЛҶУВОН. Бахшида ба “Рӯзи Модар” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ба номи Иброҳимов Ҷӯрахон дар деҳаи Сари Мазори Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев миёни хонандагони синфҳои болоӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъи “Модар яктост-Тоҷикистон якто!” баргузор гардид.
Зан агар оташ намебуд, хом мемондем мо,
Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.
БОХТАР. Дар толори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар доираи ҳамкориҳо бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи Модар мизи мудаввар дар мавзӯъи “Модари хушбахт” доир карда шуд.
АНДЕША. Модар! Фариштаеро мемонад, ки Худованд баҳри мо ҳадя намудааст. Модар чи андоза хоксору пурмуҳаббат аст, ки барои ҳар як фарзандаш меҳри худро фаровон мебахшад, то фарзанд хушбахту фирӯз ва солиму тануманд ба воя расад. Дар олам азизтар ва наздиктар аз модар касе нест. Оре, тамоми ҳастии вуҷуди мо ба вуҷуди ӯ пайваста мебошад, ин аст, ки ӯ қудрати ҳис кардани ҳолати фарзандро дорад.
Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашновари миллӣ, Рӯзи Модар кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар муассисаи таълимии №2 миёни хонандагони синфҳои болоӣ озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Модар яктост, Точикистон якто»-ро баргузор намуд.
ШАҲРИТУС. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ” дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки фаъолони ташкилоти ибтидоии номбурда вохӯрӣ доир гардид.
ҶАЙҲУН. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо кормандони Бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таҷлили сазовори иди Рӯзи модар дар муассисаи Литсеий касбии техникии №34 бо иштироки таълимгирандагони ин муассиса мизи мудаввар зери унвони «Модари хушбахт» баргузор намуданд.
АНДЕША. Модар – чӣ калимаест зебою гуворост! Аз модар бузургтарин шахс дар рӯи дунё нест. Агар дар дунё бузургон зиёд бошанд ҳам офарандаи онҳо худост ва тавлидкунандаашон модар. Модари мову шумо, ҳастанд ҳаёт ҳаст, муҳаббат вуҷуд дорад.
Н.ХУСРАВ. Вобаста ба амалӣ намудани нақшаи чорабин6иҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бахшида ба таҷлили «Рӯзи модар» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 Ҷамоати деҳоти Наврӯз миёни хонандагони синфҳои 10 ва 11 озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи «Модар яктост-Тоҷикистон якто» баргузор гардид.
Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hhdtkhatlon.tj
viloyat@hhdtkhatlon.tj
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12