БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР ФАРИШТАЕСТ, КИ ХУДО ӮРО БАР МО АТО КАРД

АНДЕША. Модар – чӣ калимаест зебою гуворост!  Аз модар бузургтарин шахс дар рӯи  дунё нест. Агар дар дунё бузургон зиёд бошанд ҳам офарандаи онҳо худост ва тавлидкунандаашон  модар. Модари мову шумо, ҳастанд  ҳаёт ҳаст, муҳаббат вуҷуд дорад. Модар, замину осмон, моҳу ситора, хуршеду самои фалак ва Ватан яктост, ки ҷаҳони моро равшани ва  ҳаёти моро мунаввар гардонидаанд ва   ҳастии мо  низ аз онҳо вобаста аст;

Ҷаннат, ки ризои модарон аст,

Дар зери қудуми модарон аст,

 Хоҳӣ, ки ризои мо биҷӯй,

Он кун, ки ризои модарон аст.

Оре!- модарон сарчашмаи зиндагӣ ва зиннати ҳаёти ояндаи мо мебошанд. Маҳз модар аст, ки бо шири сафеди худ фарзандонро кувваю дармон мебахшад. Агар қалби модарон намебуд, одамият пайдо намешуд. Фарзанд аз замоне, ки худро мешиносад аз он лаҳза модарро такягоҳ ва пуштибони худ меҳисобад ва тамоми намуди лаҳзаҳои зиндагии худро ба модар роз мегӯяд;

Ба нураш гарчи ин хуршеди ховар,

Фаро гирад ҷаҳонеро саросар.

Намегардад валекин ин баробар,

Ба ин пурҳуввати бо меҳри модар.

Маҳз мо дар рӯи дастони пур аз меҳри ӯ парвариш ёфтем ва аз онҳо қувваю рӯҳ, зебоии  ҷаҳонро эҳсос намудем. Маҳз он дастон буданд, ки моро дар лаҳзаи аввали ҳаётамон меҳрубонӣ намуданд. Онҳо моро бо он дастони зебое, ки доштанд шабу рӯз меҳнати ҳалол намуданд то барои тифлакони худ хӯроки  гарм, либоси гарм омода намоянд ва ҳеҷ  гоҳ хастагиро эҳсос накардаанд, балки бо умеду орзуи нек ба ояндаи фарзандонашон  нигаристанд.

Бар сари гаҳвораи тифлашон шабҳои дароз нахобида, барои ба роҳат хобидани тафлашон  суруди алларо зам-замма мекарданд, то он роҳат хоб кунад, ин меҳри бепоёни ӯ шодию нишоти мост ва он танҳо як умед дар дил мепарварад, умри дароз, сиҳатию саломатӣ, бонангу номус  ва номбардори миллату Ватани хеш  бошанд, ки инҳо орзуи ҳар як модаронанд.

Вале мо фарзандон низ бояд ин меҳнату машаққати шабонарӯзии модаронамонро қадр  кард, дар навбати дигар мо фирефтаи ҷавонӣ нашуда, хизмати  модарро бояд аз ҷону дил ба ҷо оварда, пеши пойи модарон сари хам фуруд овардан аст.

Қайд кардан лозим аст, ки  фарзандоне, ҳастанд, ки аз овони кӯдакӣ аз ин фариштаи дунё  бенасиб гаштаанд. Онҳо орзу мекунанд, ки ақалан рӯи модарро медиданд  ва пазмони ғамхорию меҳрубонии  ӯ ҳастанд ва аз набудани ин шахси бузургвор  ҳар лаҳза афсӯс мехӯранду ин шеърро аз забони шоири дӯстдоштаи мо  Мирзо Турсунзода мегӯянд:

          Тифл  мондам аз ту модар, рӯй ту дар ёд нест,

            Қомату чашми ту абруй ту дар ёд нест.

          Дар фироқат мезанам худро ба ҳар як кунҷи даҳр,

            Чунки то имрӯз модар рӯй ту дар ёд нест.

Модар ҳамеша ғамгусор ва мунису меҳрубон аст, касе  ки қадри ин фариштаи дунёро  надонад, дар охират хор хоҳад шуд.

 Бутаева Замира, ноҳияи Носири Хусрав 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg