БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ҲУҶҶАТИ РОҲНАМО БА ФАРДОИ НЕК

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи тиббӣ”  вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ  Сайдалиев  қайд кард, ки дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумат қарор дорад.

Бо дарназардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то ба 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст.

Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25000 кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147000 кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шудаанд. Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар 110000 нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75000 нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68%-ро занон ташкил медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg