БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЗИ МУДАВВАР ЗЕРИ УНВОНИ «МОДАРИ ХУШБАХТ»

ҶАЙҲУН. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо кормандони Бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва  Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таҷлили сазовори иди Рӯзи модар дар муассисаи Литсеий касбии техникии №34 бо иштироки таълимгирандагони ин муассиса мизи мудаввар зери унвони «Модари хушбахт» баргузор намуданд.

Мизи мудавварро мудири Бахши кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроия  Ғафорова Насимахон оғоз намуда, қайд кард, ки нақш ва мақому манзалати зан дар ҷомеаи мо имрӯз бениҳоят муҳим мебошад. Дар ҳақиқат, занон ва ҷавонон ҳамчун қувваи бузург буда, дар дигаргуниҳои ҷомеа нақши хеле муҳим доранд. Таърихи инсоният аз асноде, ки занон нерӯи созанда ва ҷавонон нерӯи бузург ҳастанд, саршор аст. Имрӯзҳо занон ва ҷавонон бо дарки амиқи дастгириҳои давлату Ҳукумат дар амалӣ гаштани сиёсати иҷтимоии давлат бо қаноатмандӣ, азму иродаи қавӣ ва завқи баланд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат кору фаъолият намуда истодаанд, ки ин аз пешрафти воқеии ҷомеа, роҳи рушду субот ва ояндаи миллат дарак медиҳад. Зеро дар ин раванд дарки таҳаввулот ва равандҳои ҷаҳони муосир ва дуруст дарку таҳлил намудани онҳо аз ҷониби занон ва ҷавонон дар пешбурди сиёсати иҷтимоии давлат ва нуфузи он нақши муҳим дорад. Чунки ҳар тағйиру таҳаввулоте, ки дар ҷаҳони дирӯзу имрӯз ба вуқуъ мепайвандад, бархоста аз нерӯи занон ва ҷавонон сарчашма мегирад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg