БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАВАҶҶУҲ БА ХОНДАНИ КИТОБ БЕШТАР МЕГАРДАД

ХОВАЛИНГ. Бо иштироки аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  дар  китобхонаи марказонидашудаи ноҳия ҷиҳати омӯзиши Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китобдорон ҷамъомад гузаронида шуд.

Дар ҷамъомад  оид ба бандҳои Паём ва асосан ҷалби хонандагон ба китобхонӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Илм - фурӯғи маърифат” сухан рафт.

Баромадкунандагон-аъзои гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, мудири китобхонаи марказонидашуда Маҳсиддин Сайтоҷов, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия  Исфандиёр Саидмаҳмудов  баромад намуда, ба ҳозирин дар бораи зарурат ва аҳамияти хондани китоб, таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин озмунҳо, ки  яке аз омилҳои асосии пешгирии ҷавонон аз шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ - экстремистӣ мебошад,  боиси болоравии сатҳи дониш ва тайёр намудани мутахассисони касбу кори гуногун  мегардад, ба китобдорон маълумоти муфассал доданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg