
Ш.ШОҲИН. Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашновари миллӣ, Рӯзи Модар кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар муассисаи таълимии №2 миёни хонандагони синфҳои болоӣ озмуни ҳизбӣ таҳти унвони «Модар яктост, Точикистон якто»-ро баргузор намуд.
Дар қисмати аввали баргузории озмун Сунатуллоева Мавзуна мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия доир ба қадру манзалат ва бузургии Зан-Модар ибрози андеша намуда, озмуни мазкурро оғоз бахшид.
Баъдан чорабинии ҳизбӣ бо баҳогузорӣ ва муайян намудани ҷойҳои ифтихорӣ аз тарафи ҳакамон ҷамъбаст гардид.