ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдори ноҳия баҳри эмин нигоҳ доштани солимии ҷомеа ва пешгирӣ аз бемории коронавирус гурӯҳи корӣ ташкил карда, ҳамарӯза миёни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳои судманд бо усули «хона ба хона» гузаронида истодаанд.

































