
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони кӯчаи ба номи Т. Раҳимови Ҷамоати шаҳраки Муъминобод оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда, ба иштирокчиён ба миқдори 74 дона ниқоб, 86 адад маводҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас намуданд.
Дар вохӯрии навбатӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Ҳайдарзода Рамазон иштирок ва суханронӣ карданд.