ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Маҳфуза Қузиева дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 як адад хатти оби зеризаминӣ сохта ба истифода дода шуд. Чунин корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома дошта, сокинони бонангу номуси ноҳияи Дӯстӣ ният доранд, ин ҷашни фархундаро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.