ФАРХОР. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алӣ Назаров бо ҳизбиёни Боғчаи №1, ки 30 нафар кормандони ин муассиса аъзои ҲХДТ мебошанд, доир гардид.
ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали вохуӯрию мулоқотҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Сартези ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳа баргузор гардид.
ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Обшорон» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо ҷавонон ва ҷонибдорони ҳизби маҳаллаи Ёзғанди ҷамоати деҳоти Меҳвар чорабинии ҳизбӣ таҳти унвони «Мо ҷавонон бо Пешвои миллатамон ифтихор дорем!» бахшида ба ҷашнҳои муҳимми давлатӣ аз ҷумла Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатӣ доир гардид.
НОРАК. Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба истифода додани чархаи аввали НБО-и Роғун ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чашма-1”- чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид.
ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо кормандони Маркази назорати давлатӣ- санитарӣ эпидемиологии шаҳри Левакант хониши сиёсӣ баргузор гардид.
КӮЛОБ. Дар маҳаллаи Хати роҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал баргузор гардид, ки дор он сокинон ҳунарҳои дастии худро ба маърази дид гузоштанд.
ЁВОН. Таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон шиору овезаҳо насб карда шуданд.
ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ масъулин бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Абубакр Ҷалолов, сармуҳосиби Кумитаи иҷроия Рустамҷон Хоҷаев ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон Умедҷон Холов дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои «Меҳргон» ва «Гулафшон» бо мардуми муқимии туркментабор вохурӣ доир намуданд.
БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Соҳибватан” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзои ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12