БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ сарпарасти маънавии НОБ-и Роғун

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим» хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲизбиХалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ  Сайдалиев дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, аз таърихи Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ба кор даромадани чархаи аввали НБО-и Роғун суханронӣ карда, қайд ҲХДТ дар дар бунёди нерӯгоҳи бузурги аср мавқеи устувор дошта, дар сохтмони он сарпарасти маънавӣ мебошад.

 Баъдан мавсуф  афзуд, ки ҲХДТ бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.

Дар охир ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим» маводҳои таблиғотӣ супорида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg