Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии навбатии корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизби ҶДММ Пахтаи рушди Хатлони ноҳия бо иштироки Алиев Зафар-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур, ба аҳли ҷомеа расонидан ва фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад. Дар рафти суханронӣ дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, риояи талаботи қонун, аз ҷумла қонунҳои миллӣ- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории ВНМО, мубориза бар зидди коррупсия муфассал сухан рафт.
Дар хониши сиёсӣ аъзои ҲХДТ Раупов Фатҳулло, баромад намуда, иҷрои талаботҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбро самти асосии фаъолияти кории ҳаррӯзаи худ арзёбӣ карда, ба кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ барои ташкилу гузаронидани чунин хониши сиёсӣ дар мавзӯъи рӯз изҳори миннатдорӣ намуданд.