БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаъолияти пурбаракати ҲХДТ дар таърихи давлатдории мо самараи нек овард

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Нусратшо Мӯсоеви ҷамоати шаҳраки Обикиик бо сокинон оид ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Соли тақвияти робита бо маҳал ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар бораи таърих ва 24 соли пурбаракти  фаъолияти ҳизб, ки таҳти роҳбарии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон сараи нек ба бор овард, сухан карда, сокинонро  бо ин рӯзи  фархунда табрику шодбош гуфтанд.

Инчунин,  дар идома  дар бораи эълон гардидани соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ в ҳунарҳои мардумӣ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карданд.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ ҳунармандони деҳа  маҳсулоти омодакардаи хешро  ба маърази дид гузоштанд, ки аз ин намоиши ҳунарҳои мардумӣ  ҳамагондидан карда, ба худ ғизои маънавӣ бардоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg