БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолияти энергетикии мамлакат яке аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ

ҲАМАДОНӢ. Дар толори маҷлисгоҳи шабакаҳои барқи ноҳия бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон  Ғаффорзода сараввал  ҳамагонро бо ҷашни пурифтихори миллат- Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки  таҳти сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  ободии Ватан ва  зиндагии пурсаодати мардум  саҳми арзанда дорад, ҳарф зада,   шодбош гуфт.

Сипас, мавсуф  оид ба амалӣ шудани яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-истиқлолияти энергетикӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард,  ки оғози агрегати якуми НБО-и Роғун барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад.

НБО-и Роғун омили муҳимтарини рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардуми мо ба шумор меравад.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар коҳия Гадоӣ Сайдалиев қайд кард, маҳз бо мақсади таъмин намудани рушди босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии он Ҳукумати кишвар тараққияти соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии хурд ва расидан ба   аз ҳадафҳои миллии стратегӣ эълон кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg