БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи мо тақвият бахшидани савияи дониши сиёсии ҳизбиён аст

ПАНҶ.  Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №2-и ноҳия таҳти унвони «Тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо ва баланд бардоштани дониши сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ» курси бозомӯзӣ баргузор гардид.

Шунавандагони  семинар раисони ташкилотҳои ибтидоии корхонаву муассисаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони идораву ташкилотҳо, вакилони мардумӣ ва фаъолони ҳизб буданд.

Ба ҳайати баромадкунандагон Ҳамидиён Илҳомҷон-мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Шоҳиён Абдураҳим Маҳмадулло – мудири бахши бақайдгирӣ ва кор бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи  КИМ  ҲХДТ, Наимов Маҳмадулло Раҳимович-мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ  ва Неъматуло Иброҳимзода–муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон шомил буданд. Онҳо оид ба масъалаҳои мумбари рӯз-татбиқи қарорҳои Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ  ва амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, кадрҳо-меҳвари рушд ва устувории давлат, тарзу услуби замонавии таблиғу ташвиқ бо истифода аз технологияҳои муосири электронӣ ва истифодаи самарабахши ВАО дар маъракаҳои сиёсӣ ва вобаста ба вазифаҳои минбаъдаи сохторҳои ҳизбии ҳудуди вилоят баромадҳо намуданд.

Дар анҷоми машулиятҳои бозомӯзӣ узви раёсати КИН, муовини раис ноҳия Шарифзода Марям ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи ПАнҷ Файзиев Каримҷон  баромад намуда, ҳозиринро бовар намуданд, ки фаъолон ва ҳизбиён ноҳия аз ин чорабиниҳо илҳоми тоза гирифта, барои минбаъд баланд бардоштани мақому манзалати ҲХДТ корҳои нишонрасро анҷом медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg