ДАНҒАРА. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, аҳли зиё, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар деҳаи Маликоваи ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара вохӯрии судманд доир гардид.
































