БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсади мо саӽм гузоштан дар корӽои ободонӣ ва бунёдкорӣ мебошад

ВОСЕЪ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии «Ҷамоати деӽоти А. Авазов» ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ  доир намуд.

Дар вохурӣ раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ӼХДТ ва раиси ҷамоати деӽоти  ба номи Абдӣ Авазов Қурбонова Мушаррафа иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимнан Сафарова Ӽафиза оид ба  татбиқи Аксияи ӽизбӣ таӽти унвони «Якҷоя ӽал мекунем!» ва фаъолона иштирок намудан дар он суханронӣ намуда, ба ҷомеа фаӽмонид, ки сайёӽӣ ва ӽунарӽои мардумӣ яке аз соӽаӽои даромаднок ва манбаи ҷойӽои корӣ мебошад. Бинобар ин ӽар яки моро зарур аст, ки барои муаррифӣ намудани ҷойӽои сайёӽии маӽали худ ва ҷалби бештари сайёӽон ба мавзеъӽои сайёӽӣ саӽмгузор бошем. Пеш аз ӽама моро зарур аст, ки корӽои ободонӣ ва созандагиродар партави Аксияи ҳизбӣ  вусъат бахшем.

Дар охир ӽамаи иштирокдорони вохӯрӣ аксияи мазкуро ҷонибдорӣ , барои саӽм гузоштан дар пешрафти кишвари азизамон омода будани хешро баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg