ШАҲРИТӮЗ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритӯз хониши сиёсӣ дар деҳаи Лолазор-2-и ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов баргузор гардид.
Хониши сиёсӣ дар бинои муассисаи таълимии №11-и ин деҳа доир карда шуда, дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритӯз Шаропов Ҳомидҷон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритӯз Ачилдиев Турдимурод иштирок ва суханронӣ карданд.
Зимнан масъулин иштирокдоронро бо муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, иброз доштанд, ки он дастуру супориш ва ҳидоятҳое, ки дар Паём аз ҷониби Пешвои миллат ироа гардид, ҳар як фарди Тоҷикистон бояд сармашқи кору фаъолияти худ қарор диҳад. Он дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар пешрафту тараққиёти Ватан ва зиндагии шоистаи мо мусоидат менамояд.
Дар идома масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳарф зада, сокинонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуданд.