КУШОНИЁН. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нишондиҳандаҳои Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён тадбирҳои мушаххас андешида, тибқи нақша- чорабиниҳо ҳамарӯза вохӯриву мулоқотҳои судмандро дар ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор намуда истодааст.
Дар баргузории чорабиниҳо кормандони ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолона иштирок намуда, аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои рӯзмарра бархӯрдор мегарданд.
Мулоқоти навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Омор” басо судманд доир гардида, кормандон аз суханрониҳои масъулин таассуроти нек бардошта, азм доранд, ки дар фаъолияти ҳизбӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро дар амал татбиқ менамоянд.
Дар интиҳои чорабинӣ кормандони ташкилот ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ҳавлии назди корхона бехи гулу ниҳолҳоро нарм ва аз алафҳои бегона тоза намуданд. Инчунин, дар ин раванд масъулин ба аёдати шахсони ниёзманд, маъюбону беморон рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо аз наздик шинос шуда, маводҳои хӯрока кӯмак карданд.