БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободонию созандагӣ дар партави Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»

БОХТАР. Бо мақсади дар сатҳи баланду сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба ободониву созандагӣ дар маҳал ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар маҳаллаи ба номи Мирзо Турунсунзода бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Исоев Фаррух вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он барасии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ироа гардида, ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли ҷорӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва татбиқи қисмати тарғиботию амалии Аксияи «Якҷоя ҳал мекунем!» ва номгӯи корҳое, ки ҷиҳати иҷрои қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 бо ҷалби оммаи васеи сокинон анҷом дода мешавад, муҳоким гардид.

Сипас, дар идома раиси маҳалаи ба номи Мирзо Турсунзода ба сухан баромада, ҷиҳати  саҳм гузоштан дар  тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо, маҳалаи зист ва ҷойҳои таърихӣ  ибрози андеша кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg