АНДЕША. Асри XXI баробари ворид шуданаш ба таърихи башарӣ баъзе фалокатҳои гуногуни табиӣ ба монанди терроризм ва экстремизмро ворид намуд. Дар ҳақиқат, кас ба фикр меравад, ки чаро фарзанди ин сарзамин, парвардаи ин хок, ин меҳани зебо-Тоҷикистони азиз, ба Ватани худ хиёнатро раво мебинаду ба гурўҳҳои ифротӣ шомил гашта боиси ғаму андўҳи зану фарзандон, падару модар гашта русиёҳ мегардад.





























