БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҚОВИМАТИ ҶОМЕА БО КОРРУПСИЯ АҲАМИЯТИ КАЛОН ДОРАД!

 Ҷайҳун. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии “Суғдиён” дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳамадҷон чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ Зайдуллоев Муҳамадҷон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуда, қайд кард, ки баъд аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ мо ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардидем. Инчунин илова намуд, ки дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аҳамияти муҳим дошта, мубориза дар ин самтро пурзӯр гардонида истодааст. Дар баробари ин ҷомеаи кишварро зурур аст, ки бар зидди амалу кирдорҳои коррупсиони дастаҷамъона муборизаи беамон баранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg