БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН – МОҲИ ХАЙРУ САХО МЕБОШАД!

ПАНҶ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи корӣ дар ҳайати кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бозорҳо ва марказҳои савдои ноҳия ҷиҳати паст намудани нарху навои маводи ғизои дар моҳи шарифи Рамазон таъсис дода шуд.

Гурўҳи корӣ бо мақсади бурдани корҳои таблиғотӣ миёни марум дар бозорҳои ноҳия бо мақсади нигоҳ доштани нарху наво, ки аз ҷихати ҷанбаҳои дини мубини Ислом ба амали хайра дохил мешавад сўҳбату вохўриҳоро доир намуда истодааст.

  Вохўрии навбатӣ дар бозори «Ганҷ Раҳматулло»-и ноҳия баргузор гардида, дар он Ҳошимов Тоҳир-муовини раиси Кумитаи иҷроия ҳизби ноҳия оид ба сабукиҳои моҳи шарифи Рамазон, аз ҷумла ҳангоми вазнин будани шуғли корӣ барои надоштани рўза иҷозат дода мешавад, андешаронӣ намуд. Зимнан, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки шахсони алоҳида, ки нияти ҳаҷ доранд, метавонанд ба корҳои хайриявӣ, аз он ҷумла бунёди мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, кашидани хати оби нўшокӣ, сохтани роҳу пулҳо, ки ба беҳтар гардидани шароити зисту зиндагонии мардум махсусан  сокинони деҳот мусоидат менамояд, саҳмгузор бошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg