БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАҲАЛ ДАСТГИРӢ ЁФТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бахшида ба оғози моҳи Шарифи Рамазон барои нигоҳ доштани нарху наво дар бозор ва дастрасии аҳолӣ ба маводҳои хӯрока бо нархҳои дастрас дар бозори марказии ноҳияи Қубодиён дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилотҳои дахлдор бо соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳамаи марказҳои ҷамоатҳои деҳот ва деҳаҳои калони ноҳия нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ “Гӯшаи деҳқон” ташкил карда шуданд, ки он ба паст гардидани нарху наво дар бозорҳои ноҳия мусоидат намуд. Имрӯзҳо дар бозорҳои ноҳия нархи молу маҳсулот нисбат ба дигар ноҳияҳо хело паст мебошад.

Масалан 1 килограмм бодиринг 1 сомон, картошка 2 сомон, гӯшт 35-40 сомон, биринҷ аз 7 сомонӣ то 10 сомонӣ, як литр шир 2сомон, як килограмм помидор 7 сомонӣ мебошад.                                                                                                                                                                                                                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg