БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СИЁСАТИ ИМРӮЗА ҒАМХОРӢ НИСБАТИ КӮДАКОН ВА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНДРО ДАР МАДДИ АВВАЛ МЕГУЗОРАД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Кодар-2»-и ҷамоати деҳоти Панҷруд оидба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Гадоӣ Саидалиев намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ   иштирок карда, бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки имрӯз  пиру барнои  Тоҷикистони азизамон аз дастгириҳои ватандӯстонаву сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо хушбахт ва сарфароз мебошанд. Боз як пайки шодиву сурур ба хонадони мардуми Тоҷикистони иқболи баланд рӯшноӣ овард ин ҳам бошад бо дастгирии  сиёсати созандаву бунёдкорона  ва ҳимматбаландии Пешвои миллат, 84 ноболиғро, ки дар зиндонҳои Ироқ буданд,  ба Ватан баргардонид.

Ин албатта аз он шаҳодат медиҳад, ки  имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар сиёсати калидии худ     ғамхорӣ нисбати кӯдакон ва оилаҳои ниёзмандро дар мадди аввал мегузорад.

 Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» зиёда  аз 1,5 км роҳҳои байни деҳа  сангфарш карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg