Н. ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо сокинони деҳаи Олтинсойи Ҷамоати деҳоти Истиқлол суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, ба онҳо нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаҳмонида доданд.
ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати истифодаи самараноки неруи барқ бо усули “хона ба хона” бо сокинони деҳаи Ҷомбахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт суҳбатҳои муфид доир намуданд. Дар ин рӯз онҳо тавонистанд ба бештар аз 50 аъзои хонадон оид ба ин мавзуи рӯз суҳбат гузаронида, зарурат ва аҳамияти сарфаю сариштакорона истифода намудани барқро ба онҳо фаҳмонанд.
ХОВАЛИНГ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дастгирии ятимон, барҷомондагон, шахсони яккаву танҳо ва дигар шахсони муҳтоҷи ёрӣ аз оилаҳои ниёзмандро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад ва дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ бо маблағгузории соҳибкорон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва дигар шахсони саховатпеша ба онҳо дасти ёрӣ дароз менамояд.
ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва аз як замин рӯёнидани чанд ҳосил бо усули “хона ба хона” бо сокинон ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
ФАРХОР. Оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва мақсаднок истифодабарии неруи барқ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуда, сокинонро барои муҳофизат аз ин бемории сироятӣ суҳбат намуданд.
ТЕМУРМАЛИК. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар боғи фарҳангии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаи Ҷамоати шаҳраки Баҳманруди ноҳия бо волонтёрон барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонии кишвар дар корҳои ҷамъиятӣ барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
ПАНҶ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон дар ноҳияи Панҷ дар мавзӯи «Тоҷикон» асари безаволи Бобоҷон Ϝафуров зери унвони «Созандагони Ватан» дар Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ курси омӯзишӣ гузарониданд.
НОРАК. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони деҳаи Чашмаи Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.
ВОКУНИШ. Оре, душман дар ягон давру замон ба муроди хеш нарасидааст ва нахоҳад расид. Аз куҳану меҳан душманӣ буд, Тоҷикистон низ аз истисно дур нест. Хоинони Ватан, намехоҳанд, ки мардуми тоҷик дар оромиву осудагӣ зиндагӣ кунанд.
ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази саломатии “КАТС” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ва аъзои фаъоли ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти семоҳаи якуми соли 2021 баргузор гардид.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12