ХОВАЛИНГ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дастгирии ятимон, барҷомондагон, шахсони яккаву танҳо ва дигар шахсони муҳтоҷи ёрӣ аз оилаҳои ниёзмандро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад ва дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ бо маблағгузории соҳибкорон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва дигар шахсони саховатпеша ба онҳо дасти ёрӣ дароз менамояд.
Ин навбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар Хоҷа чанд нафар шахсони ниёзмандро, ки барои расонидани кумак ба Кумитаи иҷроия омада буданд, қабул намуда, онҳоро бовар кунонд, ки бо пайдо гардидани шароиту имконият ба онҳо ёрии пулию молӣ расонида мешавад.
Муроҷиаткунандагон аз дастгириҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ки дар асоси сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешавад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.