БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ ҲИЗБИЁН НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази саломатии “КАТС” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ва аъзои фаъоли ҳизбӣ маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти семоҳаи якуми соли 2021 баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Гурезов Файзулло доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ гузориш дод.

Инчунин, дар маҷлис оид доир ба рафти корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ибрози андеша карда шуд. Ҳамзамон, намояндагони ҳизбӣ  аз Паёми Роҳбари давлат ёдовар шуда,  қайд карданд, ки бо дарназардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то  ба 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст. Дар ин давра зиёда аз 1300 муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, қариб 25 ҳазор кадрҳои дорои маълумоти олӣ ва 147 ҳазор нафар кормандони миёнаи тиббӣ тайёр карда шудаанд.

Ҳоло дар соҳаи тандурустии кишвар қариб 110 ҳазор нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 75 ҳазор нафарашон табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ буда, беш аз 68 фоизро занон ташкил медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg