БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – МУЖДАЕСТ АЗ ПЕШРАФТУ ОБОДОНӢ

НОРАК. Бо  иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сокинони деҳаи Чашмаи Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Сараввал Табаров Нурмуҳммад ҳозиринро ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷалб намуда, пешбиниҳои илман асосноки рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро, ки дар он зикр шудааст, ёдовар шуд. Мавсуф дар баромади хеш иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ҷамъбасти мантиқӣ ва бобарори сол номид. Зеро Пешвои миллат дар он масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоию иқтисодии кишварро таҳлил намуда, аз бурду бохти ҷомеа сухан намуданд.

Сипас, Муслима Ғуриева  атрофи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда,  қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи ҷашни сисолагии истиқлол банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg