ВОСЕЪ. Дар баробари таблиғу ташвиқи озмунҳои ҷумҳуриявӣ миёни ҷавонон аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ низ вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шуд.
ВАХШ. Маҷлиси васеи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо иштироки раиси Кумитаи иҷроия Одилҷон Маҳмадов бо аъзои раёсат, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.
ВАХШ. Дар Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», шунавандагони курс дарси 3-юми курси омӯзишии «Созандагони Ватан» доир гардид.
ВАХШ. Дар Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 вохӯрии номзади ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Вахш-32” Абдусаломзода Мунаввар баргузор гардид.
ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Рўдаки дар дењаи Шар-шар бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, сокинони маҳал ва шахсони фаъоли ҷомеа дар якҷоягӣ бо масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, барои тозаву озода намудани қабристони дења дар доираи амалиёти умуминоҳиявии “Рӯзи ёдоварӣ” ва Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷ
Ҷ.БАЛХӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо омӯзгорон вохӯрӣ баргузор гардид.
БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хироб” бо ҷалби сокинон, ва масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон барои ободии диёр дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” видогоҳ (ҷанозагоҳи) деҳаи Хиробро ба тартиб дароварда, корҳои созандагӣ ва ободкорӣ ба анҷом расониданд.
ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ноҳия дар дењаи Энгелси Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо усули “Хона ба хона” гузаронида шуд. Дар сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ масъулин оид ба самаранок истифодабарии қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ибрози андеша намуданд.
ВОКУНИШ. Дар ҷањони сиёсӣ нафароне пайдо мешаванд, ки танҳо ба манфиати худ кор мекунанд. Иззат Амон аз қабили ин тоифаҳост ва баҳри ба даст овардани даромади муфт ба манфиати худ ҳатто миллати худро фурӯхтааст. Чунин кирдорҳои бад вақтҳои охир зиёд ба назар мерасанд.
ВОКУНИШ. Иззат Амон кист? Қаллобе, ки бо роҳи ғайриқонунӣ шаҳвандии Рассияро гирифта, аз шиносномаи он ҷо истифода карда, дар он ҷо ба қавли худ Иттиҳоди ҷавонони тоҷикро ташкил намуда, аз муҳоҷироне, ки бо машаққати зиёд маблағ ба даст меоваранд, ба бовариашон даромада, маблағҳои онҳоро ба манфиати худ истифода мекардааст.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12