ВОКУНИШ. Тоҷикистон сарзамини биҳиштосо, диёри куҳанбунёди аҷдодӣ, мулки шерону далерон ва фахри ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Созандагиву бунёдкориҳое, ки пайваста дар кишвари зебоманзарамон ба вуқӯъ меояд, бадхоҳони миллатро дилшикаста мегардонад. Ҳамаи ободкориҳо, ривоҷу равнақи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатамон бевосита ба чашми душманони миллат хок мепошад.