ВОКУНИШ. Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ”-ро тамошо карда, хостам назари худро ҳамчун як шахси солимфикри ҷомеа баён созам. Ин филм натиҷаи амалҳои хиёнаткоронаи ҳизби наҳзати исломро намоиш дода, исбот намуд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, он нафаре, ки бо ҳазорон навъу тобиш Роҳбарияти Олии кишвар ва шахсони маъруфи тоҷикро зери танқид мегирад, он қадар поку беайб набудааст.