БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЛМУ ДОНИШ, ХИРАДИ ВОЛО ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА ИНСОНРО ҲАМЕША БА РОҲИ РОСТӢ ВА НАКУКОРӢ ҲИДОЯТ НАМУДА, РАВШАНГАРИ ПАЙРОҲАИ ҲАЁТАШ МЕГАРДАД

АНДЕША. Илму дониш чароғи равшанест, ки ба зиндагии инсонҳо нуру сафо, меҳру вафо ва хуршеди пурҷилоро мемонад, ки нурҳои он ба атрофиён гармӣ ва рӯшноии зиёд мебахшад. Касе, ки аз илму дониш, хиради воло ва аз ахлоқи ҳамида баҳраманд бошад, қалби нуронию рӯҳи қавию пок дорад ва ба атрофиён ҳеҷ гоҳ зараре нарасонида, бо ахлоқи ҳамида, пайваста шахсро ба роҳи ростию накӯкорӣ даъват менамояд. Маҳз тавассути илму дониш инсоният рӯз то рӯз кашфиётҳои наву дастовардҳои зиёд ба даст оварда, мушкилоти ҳаётии худро бартараф сохта, дар ҷомеа низ таъсири мусбии хешро мерасонад.

Бояд зикр намоям, ки дар рӯи замин инсонро ҳамчун ашрафи махлуқот-забони гӯё, хирад, ахлоқу одоб ва имон доштан - аз дигар мавҷудоти зинда фарқ мекунонад. Агар ин ҷиҳатҳои муҳим вуҷуд намедоштанд ва онҳо риоя намешуданд, пас инсон ҳам вуҷуд намедошт ва чун дигар мавҷудоти рӯи замин зиндагӣ ба сар мебурд ва на ҷомеа месохту на тамаддун, на одамият вуҷуд дошта метавонисту на ахлоқи накӯ, на ростию накӯкорӣ, на меҳандӯстию ватандорӣ.

Аз ин рӯ Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахши таълиму тарбияро омили асосии рушди давлатдорӣ ва наҷоти миллат меҳисобад. Зеро танҳо инсонҳои соҳибмаърифату худшинос, дорои ахлоқи неку фарҳанги воло метавонанд ҳувияти миллии худро ҳифз намоянд, яъне таълиму тарбия заминаи устувор дар тарбияи ахлоқианд ва онҳо дар ташаккули насли наврас ҳамчун шахсияти комил ба воя расидан нақши муҳим доранд.

Ба ҷомеаи шаҳрвандии мо низ аён мебошад, ки ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонон аст.Бинобар ин вазифаи муқаддаси ҳар як шахс ба камол расонидани насли ҳаматарафаи солим, соҳибмаълумот, бунёдкор, миллатдӯсту меҳанпараст буда, тарбия намудани фарзандон дар рӯҳияи анъанаҳои миллӣ қарзи ҳар як волидайн мебошад.

Дар такя ба ин гуфтаҳо дар яке аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омада буд, ки дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавиёт масъулияти асосӣ ба души падару модар аст, зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии фарзанд қарор доранд. Онҳо дунёро бо чашму дили волидайн дарк карда, муносибати худро ба олами атроф қабл аз ҳама, аз дидгоҳи онҳо муайян менамоянд.

Дар ин ҷо бобати таълиму тарбия, илму дониш, ақлу хирад чанде сухану андеша оварданам аз баҳри он аст, ки санаи 20.01.2021 соати 21 : 00 шаб аз шабакаи телевизиони Тоҷикистон филме аз саргузашти як ҷавони аз илму дониш, ақлу хирад ва аз фарҳанги баланди инсонӣ дур мондаи Муҳаммадиқболӣ Садриддин бо номи “БЕШАРАФӢ”-ро мисол оварданиям.

Ин ҷавони гумроҳ, ки аз таълиму тарбия дур монда буду дар оила тарбияи нодурст дида, ҳамчун ҷавони ояндасоз нею балки ояндасӯз тарбия ёфтааст, имрӯз дар ҷаъмият низ таъсири манфии хешро гузошта истодааст.

Муҳаммад Ғазолӣ мутаффакири барҷаста дар асари хеш “Кимиёи саодат” андар парвариш ва одоби фарзанд барҳақ фармудааст, ки “Фарзанд амонатест дар дасти падару модар ва дилаш чун об соф асту чун гавҳар нафис ва нақшпазир чун мум, аз ҳамаи нақшҳо холист. Чун замин пок аст ҳар тухме, ки дар он афканӣ, бирӯяд, агар тухми хайр афканӣ ба саодати дин ва дунё расад. Агар бар хилофи он кунанд, бадбахт шавад ва аз ӯ корҳои ношоиста ба вуҷуд ояд, дар дунё ва қиёмат дар азоби он фарзанд падару модар низ шарик бошанд”.

Бо дар назардошти ин, мо як рукни умда ва созандаи низоми тарбияро дар тарбияи хонаводагӣ мебинем. Дар ин ҳалқаи сегона агар оила ё хонавода рисолаташро бо камоли масъулият ба сомон расонад, дар парвариши инсони комил, оқилу донишманд, ватандӯсту ватанпарвар натиҷаи мусбат ба даст меояд ва агар ҷомеа таъсир расонад, мақоми таълиму тарбия боз ҳам устувор мегардад.

Дар ҳақиқат вақте, ки инсон ба зиндагии моддӣ дилбастагӣ пайдо менамояд, тадриҷан ба сурати як мавҷуди худбохтаи дур аз хислатҳои инсонӣ мубаддал мегардад. Ҳатто гоҳе ончунон ҳайвонвор амал менамояд, ки гӯё рӯзе ҳам инсон набудааст. Ба ҳар ҳол ин гуна инсонҳо ниёзи бештаре ба омӯзиш доранд.

Чигунае, ки сарнавишти ин ҷавони гумроҳ ба мо нишон медиҳад, ки инсон вақте, ки аз илму дониш ва ахлоқи ҳамида дур мемонад ба худ чиқадар ахлоқҳои ҳайвониро касб намуда, ба атрофиён, миллату давлат зарбаи нобаҳангому зиёни маънавию моддӣ мерасонад. Ҳамчун як ҷавони даврони соҳибистиқлолии Ватан аз ҳар як ҷавон ва падару модари кишвари азизам Тоҷикистон даъват ба амал меорам, ки дар таълиму тарбияи фарзандони хеш бетаваҷҷуҳӣ зоҳир накарда, ҳарчи зиёдтар онҳоро ба донишу илмандӯзӣ ва тарбияи ҳамида ҷалб гардонем. То дар ин даврони душвори ҳаёт, ки ҷомеаи ҷаҳониро даҳшати короновирус фаро гирифтааст, ба рӯҳу равони фарзандонамон асари манфие нагузораду онҳо ба ҳар гуна гуфтаю бофта, дассисаю суханпардозии ҷавонони нохалафу нобакор дода нашаванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар солу замон дар баробари муваффақияту комёбӣ ба худ як даҳшату нокомӣ низ дорад. Инҷо, мисол аз хуруҷи бемории Коvid-19 меорам, ки бо хуруҷи ин беморӣ ба кишвар ба рӯҳияи аксари сокинону ҷавонон латмаи ногувори хешро гузоштааст. Аз қабилӣ банд гардидани муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои Осиёву Аврупо ва зиёд гардидани сатҳи бекорӣ дар кишвар метавонад рӯҳияи ҷавононро ноором сохта, дилдодаи суханони чунин палидони замон гарданд. Имрӯз гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз вазъияти ноороми кишварҳои ҷаҳон сӯистифода намуда, ашхоси осебпазирро ба гурӯҳҳои худ бо таблиғу ташвиқотҳои бардурӯғ ҷалб гардонида истодаанд.

Бинобар ин лозим аст, ки ҷавонон ҳушёр бошанд, то дучори нақшаҳои ҳиллагарони гумроҳкунандаи гуногун (гурӯҳҳои мухталифи гуногуни муосир, аз қабили “Толибон”,”ДИИШ”, “Ал-Қоида”, “Ихвон-ул-муслимин ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”) нашаванд. Чунон, ки Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд: “Истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд”.

Пас ҳар яки моро зарур аст, ки дар ин ҳолати ногувори ҷомеаи ҷаҳон аз пештара дида ҳарчи бештар ҳушёру зирак бошем то оромию осудагии хешро аз даст надода,ба хотири омӯзишу парвариши фарзандон саъю талош намоем ва онҳоро ба роҳи нек раҳнамоӣ кунем. Дар баробари ин фарзандонро тарзе тарбия намоем, ки онҳо худро дар нигоҳубин ва таъмини падару модар масъул дониста, хизмати фарзандии худро то охири умри онҳо бо сарбаландӣ иҷро намоянд ва аз худашон низ номи нек боқӣгузоранд.

Муродова Марҷона, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg