БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“БЕШАРАФӢ” АСЛИЯТИ МУҲАММАДИҚБОЛРО НАМОИШ ДОД

ВОКУНИШ. Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ”-ро тамошо карда, хостам назари  худро ҳамчун як шахси солимфикри ҷомеа баён созам. Ин филм натиҷаи амалҳои хиёнаткоронаи ҳизби наҳзати исломро намоиш дода, исбот намуд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, он нафаре, ки бо ҳазорон навъу тобиш Роҳбарияти Олии кишвар ва шахсони маъруфи тоҷикро зери танқид мегирад, он қадар поку беайб набудааст.

Ҳарчанд ӯро низ қурбонии ҷанги таҳмилии солҳои 90-уми асри гузашта унвон кардан хато нест. Дар тасаввури кас намеғунҷад, ки падар писари худро ба доми бало афканад. Мулло Қаландар барои хиёнат ба Ватану миллат ва акнун мебинем, ки ба фарзанди худ низ дар назди халқу миллат ва парвардигори бузург то қиёмат гунаҳгор хоҳад буд. Умри ӯ бо хорию залилӣ ва беватанию ғарибгӯрӣ ба поён расид, ки ҳатто писари ӯ Муҳаммадиқбол дар ҷанозааш иштирок накард. Мо барои ин Муҳаммадиқболро носазо гуфтанӣ нестем. Ин хос рафтору муносибати байни ӯву падараш буд, ки ба мо дахл надорад. Вале хулосаи даркорӣ набаровардану ба роҳи дигари боз ҳам пурхато, яъне хиёнат ба Ватану миллат рафтани ӯ воқеан нобахшиданист.

Муҳаммадиқболе, ки дар наврасӣ озори ҷинсию равонӣ дид, ғурури мардиашро аз даст дод, шаҳди талхи беватанию ғарибиро кашид, бояд акнун каме андеша намояд. Роҳи фиребу найрангро гузошта, ҳамчун инсони комил зиндагӣ кунад. Аммо афсӯс, ки ин хел нест. Ӯ ҳанӯз ҳам аз расонаҳои интернетӣ суханҳои номатлубона зада бархе аз ҷавонони имрӯзаро ба гумроҳӣ мебараду аз ҳисоби пули муфт рӯзгорашро пеш мебарад. То ҳанӯз Холов Эмомқул, Кабутов  Неъматулло ва Қаюмов Насоҳиддин, ки ба суханҳои дурӯғи ӯ, ки ҳамеша аз ояту ҳадисҳо ёд меорад, бовар карда, маблағҳои калони пулӣ додаанд, ӯро ҷустуҷӯ доранд.

Шояд ӯ гумон дошт, ки аъмоли ношоистааш як умр нокушода мемонад, вале чеҳраи аслии ӯ кушода шуд. Акнун мардуми тоҷик хоса ҷавонон бояд эҳсос намоянд, ки пушти ин суханҳои нимфорсию нимрусӣ шуда ва қасамҳои ҳардақиқаинаи ӯ чӣ чеҳраи манфуре пинҳон аст. Ҳеҷ як ҳарфу амали ӯ хоси ҷавонмардон хоса нафари ватандӯсту миллатпараст нест.

Мо мардуми тоҷик на бо нишондоди дигарон, балки амри виҷдон кору фаъолият менамоем. Мо имрӯз аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдорем ва қодирем сарнавишти худро худ бисозем.

Парвиз Баротов, директори мактаби санъати бачагонаи шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg