![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/3%283%29_1.jpg?itok=5SZxT1kp)
КӮШОНИЁН. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мардуми кишвари азизамон ироа гардид. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо ҳамроҳӣ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ Паёми Пешвои миллатро тариқи оинаи нилгун аз шабакаҳои телевизионӣ тамошо ва гӯш карданд. Паём барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ роҳнамо ва ҳидоятгар барои пешбурди кору фаъолият ва зиндагӣ мебошад. Пас аз тамошои Паёми навбатӣ ҳамагон аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, содиқонаву софдилона хизмат намудан ба халқу Ватанро изҳор доштанд.