БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ МАКТАБИ БЕШАРАФОН БОЯД ДАРСИ ИБРАТ ГИРИФТ

ВОКУНИШ. Нафаре, ки ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардонагиву номуси мардӣ сухан мегӯяд, пас аз ошкор шуданаш чун як бешарафу беномус дигар чӣ мегуфта бошад? Нафарони гумроҳ ва бешарафу мардумфиреб чун Муҳаммадиқболи Садриддин дар сафи ТЭТ ҲНИ хело зиёданд. Пас маълум мешавад, ки мактаби ТЭТ ҲНИ мактаби бешарафон буда, чунин афрод ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддинро тарбия намудааст. Дар ҳақиқат бархе аз одамон ҳеҷ гоҳ аз амалҳои номатлубе, ки барояшон одат шудааст, пушаймон намешаванд. Чуноне дар урфият мегӯянд: «Тарки одат- амри маҳол». Муҳаммадиқболи Садриддин ҳам аз одате, ки барояш муқаррарӣ гаштааст, пушаймон нест. Вале барои нафаре, ки номуси мардонагиро аз даст додааст, чӣ гуна метавонад номуси миллӣ дошта бошаду аз боби меҳану меҳанпарастӣ ҳарф гӯяд.

Бешарафии Муҳаммадиқболи Садриддин то ҷое расидааст, ки номус ва имону виҷдони худро низ аз даст додааст. Чунин афроди нохалаф ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамзамон қаллобу мардумфиреб мешаванд. Муҳаммадиқболи Садриддин аз покизагӣ ва маснади баланди дини мубини ислом истифода бурда, зери ин ниқоб ба боварии мардум даромада, бо ҳар роҳ аз онҳо маблағҳои зиёди пулӣ ситонидааст. Дар дини ислом чунин омадааст, ки ҳаққи як касро хӯрдан ҳаром аст.

Шояд баъди намоиши ин филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ва «Бешарафӣ», ки симои аслии туву Муҳиддин Кабирии яке аз модар ва дигар аз падар безорро бо ҳаромхӯрӣ, хоинӣ, мардумфиребӣ, пасттинатӣ, бешарафӣ намоиш дод, хомӯш бимонед. Дар акси ҳол чиро интизор шуданатонро худатон хуб медонед. Лаънат ва нафрини халқ. Туву Кабириву дигар ҳаммаслаконатон хоин ва бадномкунандаи давлату миллат ҳастед. Шумо пешрафту тараққиёти Тоҷикистон, болоравии сатҳи зиндагии мардуми азияткашидаи тоҷикро чашми дидан надоред.

Тамошои ин филм саргузашти бешарафонаи Муҳаммадиқболи Садриддин, бадахлоқӣ ва ҳаромхӯрии падараш Садриддин Қаландаров ва худи ӯро, ба ҳамагон ошкор сохт. Хулоса тақдири ин оилаи носолим ва аз одаму одамгарӣ дур будани онҳоро тамоми ҷомеа ба хубӣ шинохт.

Исмоил Ҷалилов, муовини раис-мудири Шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg