БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОИЗОН, КИ ҶИЛВА БАР МЕҲРОБУ МИНБАР МЕКУНАНД...

ВОКУНИШ. Мо сокинони ноҳияи Вахш, филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ»-ро, ки таҳти унвони таҳрибкорона ва зиддиамалии ТЭТ ҲНИ ва пайомадҳои ногувори онро тавассути оинаи нилгун тамошо намуда, ба хулосае омадем, ки тарбия аз оила маншаъ мегирад. Аз баски давраи кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавонии ҳар як шахс дар доираи оила мегузарад, волидон вазифадор ҳастанд, ки дар тарбияи фарзандон бо масъулият бошанд. Бояд ба назар гирифт, ки кӯдакро вобаста ба хусусиятҳои физиологию психологияш тарбия намуд. Ба ин васила волидайн вазифаҳои гуногуни тарбиявиро иҷро намоянд. Ҳар чизе, ки кӯдак аз оила меомӯзад сарчашмаи асосӣ дар тарбияи ӯ ба ҳисоб меравад. Чуноне, ки бузургон гуфтаанд:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

Аммо оилае, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ба дунё омадааст, аз аввал хишту девораш каҷ сохта шудааст. Падарро сутуни оила, баракати хонадон мегӯянд, аммо ин на ба истиснои чунин падар рост меояд. Падари Муҳаммадиқболи Садриддин худ тарбия надидааст чи гуна фарзанди хешро тарбия диҳад? Сатҳи пасти маърифатнокии бо ном падар, ҳаёти хешро ба корҳои зиддиинсонӣ сарф намудааст, ки бо гуфтанаш забон ва бо навиштанаш қалам лол мемонад. Бемасъулиятӣ, худобехабарии падар буд, ки барои тарбияи фарзанди хеш вақт наёфтааст, чунки ботини ӯ тоза набуд, виҷдон, номуси бешарафона дошт, ки ба чунин корҳои ваҳшиёна даст мезад он муллое, ки бо ном мулло буду дили сиёҳаш ба сараш бало овард ва фарзандони худ ва дигаронро сарсону саргардон намуд. Бандаи ношукри Худованд, ки тамоми шароитҳо бо кадом роҳу воситае, ки дарёфташ карда буд муҳайё буд, пас боз чӣ мехоста бошад? Фикр мекунам, ки ин қадар дороӣ, ин қадар сарватҳое, ки доштааст ҳамаи инро бо обрӯ иваз карда намешавад, барои ҳамин ҳам тарки Ватан намудааст. Чунончӣ гуфтаанд:

Гадое дар Ватан мирад амир аст,

Амири беватан хору залил аст.

Ислом гуфта дар зери ин каломи пок кирдорҳои ношоистаи худро пинҳон доштааст. Магар таълимоти исломӣ чунин кирдори ношоистаю ғайри инсониро таълим медиҳад? Ҳол он ки худ аз дини ислом бархурдор набудааст ва бо ниятҳои бади хеш ба шаъни дини ислом доғ мондааст, доғе ки хиёнат бар ин диёр, ба обу ҳаво, ба миллат ва дини ислом намудааст асло ношӯстанист.

Воизон, ки ҷилва бар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, худ кори дигар мекунанд.

Вой бар ҳоли фарзанде, ки дар чунин оилаи кутоҳандеш, кунамак ва хиёнаткор ба воя расидааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Чоҳкан зери чоҳ аст». Муҳаммадиқболи С. Низ аз чунин падар ибрит гирифта, давомдиҳандаи кори падар гаштааст. Вой бар ҳоли ҷавониат, вой бар ҳоле ки Худованд чунин ашхосонро инсон офарид,  аммо М. Садриддин бозичаи дасти дигарон гардида, ба ҳаёти дурузаи хеш худро шармсору шарманда намудааст, ки ақли кас намегирад. Месазад, ки аз ҷавониаш истифода бурда номуси мардонагиро пеша мекард, оилаашонро сарҷамъ менамуд. Аммо аз хурди дар дилу дидаи ӯ сухани ноҷо, корҳои ғайриинсони, рафтори ваҳшиёна ҷой гирифтааст. Пас чи гуна худро ислоҳ кунад, ки чашм кушода ба чои суханхои мехрубононаи падар огуши гарм, меҳру муҳаббати ватану модар фақат таълимоти ғайри диннӣ ваҳшониятро дидааст. Ӯ гмроҳ шудааст. Либоси занона ба бар намудаю худро зан шуморида ин хислати ҷавонмардона ҳаст магар? Кушишҳою ғурури баланд, таъкир намудани касе оқибат сар ба замин орад. Аммо он фикрҳои хос, он фикрҳои беандешаю беасос то куҷо мебурда бошад охир…

Фаромӯш набояд, кард ки он маҳалчигию тарғиботҳое, ки солҳои 90-ум ба миён овардеду халқи аз фикрҳои нопоки шумо бехабарро азият додед гузашта рафтанд. Имрӯз асри 21 асту мардум дар даврони соҳибистиқлолӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявию ягона зиндагӣ доранд. Аз бурду бохт, аз корҳои ваҳшиёнаи шумо бо мурури вақт огоҳ шуда, корҳои шумо беҷавоб нахоҳад монд. Имрӯз давлат, миллат, халқ роҳбар дорад, пуштибон дорад. Зиракии сиёсиро аз даст намедиҳад. Ҷавонон соҳиб илманд, соҳиби маърифати баланди инсонианд. Боварӣ дорам, ки баъди тамошои ин филм як дарси ибрат мешавад бар онҳое, ки ба шумо барин ҷавонмардони Худобехабар ошноӣ созад агар….

Шукронаи тинҷию ороми, сулҳу ваҳдати миллӣ, ки Тоҷикистони биҳиштосоямон рӯз ба рӯз гулгул шукуфон гашта истодааст ва мо зери Парчами сулҳу ваҳдат озодона зиндагонӣ менамоем.   

Расулова Тоҷинисо,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg