АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳои дохилию хориҷӣ ибрози назар намуданд. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои дар он зикршуда, роҳи мо ҳизбиёнро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ хело равшан сохт.