БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ҲАРВАҚТА БЕШТАР ДАР ОБОДИИ САРЗАМИНАМОН САҲМ МЕГУЗОРЕМ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба  шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Маорифчиён”,  “САҲШ” ва “Ҷавонон ва варзиш” вохӯрӣ баргузор намуданд.

Намояндагони ҳизбӣ дар баромади худ аз ҷумла қайд карданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида моро водор месозад аз ҳарвақта дида бештар баҳри ободии сарзамини аҷдодиамон меҳнат кунем.

Ҳамзамон, моҳияти  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба дарки ҳамагон расонида шуда, зикр гардид, ки  мақсади асосии ҲХДТ  фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани  заминаҳо барои таҳкими неру ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар охир самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мавриди муҳокима қарор дода шуда, байни кормандони ҳизбӣ ва иштирокдорон суолу муколама сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg