БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР СОЛИ 2020 АЗ ҲАРСОЛА БЕШТАР МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ МЕБОЯД! ДАР СОЛИ 2020 АЗ ҲАРСОЛА БЕШТАР МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ МЕБОЯД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ташкилоти ибтидоии “Силсила Неругоҳҳои барқи обӣ”-и шаҳри Левакант вохӯрӣ доир гардид.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакнт зимни баромад аз   ҷумла қайд карданд, ки ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги имсолаи мо дар соҳаи энергетика ва як қадами устувори дигар дар ҷодаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, боз ҳам беҳтар қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолӣ ба нерӯи барқ ва заминаи мусоид барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад.

Соли 2020 дар кишварамон маъракаҳои муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мешаванд ва бовар дорем, ки ин чорабинии сиёсӣ дар доираи муқаррароти Конститутсия, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандони мо доир гардида, ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории тоҷикон ва тақвияти нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд, иброз доштанд баромадкунандагон.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg