БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ПЕШИ МО ВАЗИФАҲОИ МУҲИМ ГУЗОШТ

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳои дохилию хориҷӣ ибрози назар намуданд. Паёми Пешвои миллат ва масъалаҳои дар он зикршуда, роҳи мо ҳизбиёнро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ хело равшан сохт.  Пешвои миллат дар назди вакилони халқ, Ҳукумат ва фаъолони ҷомеа ҷиҳати тақвияти дастовардҳои соли гузашта як қатор вазифаҳои муҳимро гузоштанд, ки мо сохторҳои ҳизбӣ метавонем, дар иҷрои аксари ин дастурҳо саҳми арзандаи худро гузорем.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки Пешвои муаззами миллат дар Паём зикр намуданд, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза мебошад. Вобаста ба ин нукта қайд карданд, ки занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд ва Пешвои миллат дар ин маврид як қатор масъалаҳоеро, ки ба дастгирии давлативу сиёсии ҷавонону занон марбут аст, баррасӣ намуда, ба мақомотҳои марбута дастуру тавсияҳо доданд.

Дар идомаи Паём зикр гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таъкид доштанд, ки «Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем».

Дар ин радиф низ вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеа, ҷиҳати муаррифӣ намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои гузаштаи миллии гузаштагонамон дучанд гардида, ба ҷавонон дар мавриди риояи рафтору муносибатҳои дурусти муошират бо шаҳрвандони хориҷӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронем.

Ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ низ диққати ҷиддӣ дода шуд. Вобаста ба ин масъала сохторҳои ҳизбӣ вазифадоранд, ки ҷанону наврасонро ба илмомӯзӣ тарғиб карда, ҷиҳати бедор кардани тафаккури эҷодии онҳо ва ихтирооту навовариҳо чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ доир намоянд. Ба дарки ҷомеа моҳиятан эълон шудани солҳои 2020-2040 «Бист солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз манфиат дур набуда, метавонем  насли ояндасозӣ ватанро босаводу бомаърифат ба камол расонем.

Масъалаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифт, аз фардои дурахшони Ватани маҳбубамон дарак медоду  роҳманои мо занону ҷавонон дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ буд.

 

 Сабоҳат Салимова, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg