БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕРУИ ТАВОНО ВА ИҚТИДОРИ ВОҚЕИИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА ҶАВОНОНАНД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ориёӣ»-и Ҷамоати шаҳраки Панҷи ноҳияи Панҷ хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Намояндагони ҳизбӣ зимни суханронӣ оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат андешаронӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад.

Вобаста ба ин лозим аст, ки дар рушди инфрасохтори варзиш мусоидат намуда, ҷавононро ба варзиш ва дигар корҳои солимгардонӣ ҷалб созанд, аз неруи созандаи онҳо дар татбиқи қонунҳои миллӣ, пойдориву устувории фарҳанги милливу забони давлатӣ ва пешгирӣ аз пайдоиши терроризму экстремизм васеъ истифода баранд. Чунки ҷавонони мо неруи тавоно ва иқтидори пурқуввати пешрафти ҷомеа  мебошанд.

Дар вохӯрӣ, инчунин доир ба  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg